Ин аст мазҳаби шиъа. Оё медонӣ?

Мӯътақадоти шиъа
بسم الله الرحمن الرحيم
Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

Феҳраст:

Зуҳури фирқаи шиъа – рофиза

Чаро шиъаро рофиза меноманд?

Фирқаҳои рофиза

Ақидаи бадоъ

Ақидаи рофиза дар сифоти худо

Эътиқоди рофиза доир ба қуръон, ки худованд ба ҳифзи он кафолат додааст.

Ақидаи рофиза доир ба саҳобагон

Мушобиҳати рофиза ба яҳуд

Ақидаи рофиза доир ба имомон

Ақидаи раҷъат

Ақидаи тақия

Ақидаи турбати ҳусайнӢ

Ақидаи рофиза дар бораи аҳли суннат

Мутъа дар назди шиъа

Наҷаф ва карбало дар назари шиъа

Ихтилофи шиъа бо аҳли суннат

Иди ошуро

Байъат дар назди рофиза

Тақриб байни аҳли суннат ва рофиза

Суханони уламо доир ба рофиза

Сураи «вилоят»

Саҳифаи фотима

Дуои бутони қурайш

 

Ситоиш ба худованд, Ўро сано мегўем, аз Ў имдод ва омўрзиши гуноҳ металабем, ба сўи ў тавба мекунем, ба ў паноҳ мечўем аз бадиҳои нафс ва аз кирдорҳои зишт. Ҳар киро худованд ҳидоят кардааст, онро гумроҳкунандае набошад ва ҳаркиро ў ба гумроҳӣ раҳо созад онро ҳидояткунандае набошад. Ва салому дуруд ба расули худо ва бар олу асҳоби у бод.

 

Ончи моро ба навиштани ин сатрҳо водор кард, саъйи шадиди рофизиён дар даъват ба сўи равиши мунҳарифашон дар анҳои олами исломӣ ва ғафлати мардуми мусалмон аз хатари муътақадоти онон, аз ширкиёту носазогўӣ нисбати Қуръону саҳобагон ва ғулувв дар парастиши имомон.

 

Дар нигоштани ин рисола ва посух ба суолот, тариқи ихтисорро пеш хоҳем гирифт, бо истифода аз китоби шайх Ҷибрин «Таълиқот» ва дигар китобҳои уламои аҳли суннат, ки дар садади рад бар рофиза ва баёни фасоди муътақадоти таҳрифёфтаи онон, ки бар ширк асос ёфтааст ва баёни ғулувви онон, дурўғу таҳқир ва дашному таъни онон нигошта шудааст.

Дар ин рисолаи кўтоҳ ба қадри имкон аз китобҳо ва муаллифоти муътамади шиъа, мисолҳое, ки далолат бар даноати муътакадоти таҳрифёфтаи онон мекунад, зикр кардам.

 

Дар охир аз худованди мавло мепурсам, ки соҳибақлон аз ин китоб нафъ гиранд. Тавре, ки худованд фармудааст:

 

إِنَّ فِي ذَلِكَ لَذِكْرَى لِمَن كَانَ لَهُ قَلْبٌ أَوْ أَلْقَى السَّمْعَ وَهُوَ شَهِيدٌ ﴿37﴾ سورة- ق

 

«Ҳароина дар он панд аст барои касе, ки қалб дорад ва гӯш медиҳад дар ҳоле, ки ӯ шоҳид аст». (Қоф-37).

 

Салому дуруд бар Муҳаммади мустафо ва бар олу асҳоби ӯ.

 

ЗУҲУРИ ФИРҚАИ ШИЪА – РОФИЗА

Нашъати фирқаи рофиза бо зуҳури марде яҳудӣ ба номи Абдуллоҳ ибни Сабо буд, ки даъвои мусалмонӣ ва муҳаббати аҳли байт мекард. Дар мадҳи Алӣ (р) ғулувв мекард. Дар ибтидо муддаъӣ буд, ки Али (р) ба хилофат аз ҷониби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) васият шудааст то он, ки Алиро ба мартабаи илоҳият бардошт. Ин ҳақиқатест, ки китобҳои шиъа низ бар он эътироф мекунанд.

 

Аллома Қумӣ, ки аз уламои барҷастаи шиъа аст дар китоби «Мақолот ва фирақ» (саҳ:10-21) ба вучуди ин шахс иқрор мекунад ва ӯро аввалин шахсе медонад, ки ба фарз будани хилофати Али (р) ва бозгашти ӯ баъди мурданаш қоил буд. Ӯ буд, ки таъна бар Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон (р)-ро эъчод кард.

 

Инчунин Навбахтӣ, ки аз уламои шиъа аст дар китоби «Фирақи шиъа» (саҳ:19,20) ба вуҷуди Абдуллоҳ ибни Сабо эътироф мекунад.

Аллома Бағдоди мегуяд: Фиркаи сабаъия пайравони Абдуллоҳ ибни Сабо мебошанд, ки дар Алӣ (р) ғулувв намуд ва ӯро ба дараҷаи паёмбарӣ, сипас ба дараҷаи илоҳият бардошт. У аслан аз яҳудони аҳли Ҳира буд, даъвои мусалмонӣ кард ва хост, ки риёсати аҳли Куфаро ба даст гирад. Ба онон гуфт, ки ӯ дар Таврот дарёфтааст, ки ҳар паёмбаре васӣ ва халифа дорад ва Алӣ (р) васии Муҳаммад (с) аст.

 

Шаҳристонӣ меорад, ки сабаъия аввалин фирқаест, ки ба раҷъати (бозгашти) Алӣқоил аст. Шиъа бисёре аз муътақадоти худро аз Абдуллоҳ ибни Сабо ба варосат гирифтааст.

Инчунин шиъа дар пайравии Ибни Сабо қавл ба васияти Али (р), раҷъат ва ғайбати ӯро эҷод кард. То он чо, ки баъзе аз хусусиятхои илоҳиро ба имомҳо нисбат дод.

 

ЧАРО ШИЪАРО РОФИЗА МЕНОМАНД?

Шайхи шиъиён Маҷлисӣ дар китоби «Биҳорул анвор» сабаби чунин номида шудани шиъаро зикр мекунад: Онгоҳ рофиза номида шудаанд, ки ба назди Зайд ибни Алӣ ибни Ҳусайн омада ба ӯ гуфтанд: Безории худро аз Абубакру Умар эълон кун, то ба ту пайравӣ кунем. Гуфт: Абубакру Умар дӯстони бобоям Алӣ буданд. Ман ононро дуст медорам. Гуфтанд: Агар чунин аст, نـرفـضـك «Туро тарк мекунем».

Баъд аз ин онҳо рофиза номида шуданд, яъне тарккунандагони пешвои худ. Аммо ононе, ки Зайдро дар мубориза алайҳи ҳокимони уммави пайравӣ карданд, «зайдия» номида шуданд.

 

ФИРҚАҲОИ РОФИЗА 

Шохаҳои фирқаҳои шиъӣ зиёда аз ҳафтоду ду фирқаанд.
Мир Бо
қири Домод, ки аз уламои шиъа аст, мегуяд: Фирқаҳое, ки дар ҳадиси ҷудо шудани уммат ба ҳафтоду се фирка мазкуранд, фиркаҳои шиъа мебошанд ва дар байни онон фиркаи ноҷия фиркаи имомия мебошанд.

Шаҳристонӣ дар «Милал ва ниҳал» менигорад: Рофиза ба панҷқисм тақсим мешавад: Кайсония, зайдия, имомия, ғолия, исмоилия.

 

Бояд мулохиза шавад, ки фирқаи зайдия наздиктар ба ҳақ буда ба ақидаи рофиза мухолиф аст.

  

АҚИДАИ БАДОЪ 

Бадоъ ба маънии зуҳур кардан баъди ғоиб шудан ва инчунин ба маънии нашъати раъйи ҷадид аст. Бадоъ ба ҳарду маънияш собиқан нодон будан ва сипас соҳиби илм шуданро ифода мекунад. Ҳардуи маъно дар ҳаққи худои таъоло нолоиқ ва муҳол аст. Рофиза онро ба худованд нисбат медиханд.

Дар «Усули кофӣ» (саҳ-40) аз Райён ибни Султ омадааст, ки гуфт: Имом Ризоро шунидам, ки мегуфт: Худо паёмбареро нафиристод, магар ин, ки шаробро ҳаром менамуд ва ба худои таоло бадоъро иқрор мекард…

 

Худованд аз ончи ба Ӯ нисбат медиҳанд пок аст. Бубин, ки чигуна ҷаҳл ва нодониро ба худованди мавло нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки Ӯ таоло мефармояд:

قُل لَّا يَعْلَمُ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ الْغَيْبَ إِلَّا اللَّهُ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ ﴿65﴾

 

«Бигу касе дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, онро танҳо Аллоҳ медонад.» (Намл:65).

 

Рофиза илми худовандро инкор мекунанд ва дар муқобил муътақид ба онанд, ки имомҳои аҳли байт ғайбро медонанд ва чизе аз улум ба онҳо ниҳон нест.

Оё ин ақида аз исломе аст, ки онро Муҳаммад (с) овардааст?!

  

АҚИДАИ РОФИЗА ДАР СИФОТИ ХУДО

Рофиза аввалин фирқаест, ки қоил ба ҷисм будани худованд мебошад.

 

Ононе, ки аз Рофиза ба ақидаи таҷсим муътақиданд: Ҳишом ибни Ҳакам, Ибни Солими Чаволики, Юнуси Қумӣ, ва Абу Ҷаъфари Аҳвал, ки инҳо аз уламои шиъаи имомия мебошанд.

Сипас уламое аз онҳо ба мазҳаби аҳли таътил гаравиданд ва сифоти собити илоҳиро мункир шуданд.

 

Ибни Бобуя аз китобҳои шиъа ҳафтоду ду ривоят меорад, ки мазмуни он ин аст: Худовандро васф карда намешавад ба замону макон ва на ба ҳаракату интиқол ва на ба чизе, ки аз сифоти ҷисмӣ, суратӣ ва ё ҳиссӣ бошад.

Бо ин қавлашон сифотеро, ки дар Қуръону суннат собит шудааст инкор мекунанд.

 

Инчунин нузули худоро, ки дар аҳодиси саҳеҳ собит шудааст, инкор мекунанд ва муътақид ба махлуқ будани Қуръонанд.

 

Инчунин дар рӯзи қиёмат дидани худовандро инкор мекунанд.
Дар китоби «Бихорул анвор» аз
Ҷаъфари Содиқ меоранд, ки ӯро пурсиданд: Оё худоро дар рузи қиёмат дида мешавад? Гуфт: Худованд аз ин воломартаба ва пок аст. Чашмҳо наметавонанд бубинанд, магар он чизеро, ки чигунагӣ ва ранг дошта бошад. Худованд офарандаи чигунагиҳо ва рангҳо аст.

 

Дар китоби «Кашфул ғито»-и Ҷаъфари Наҷафӣ (саҳ:417) омадааст, ки ҳарки ба дидани худованд иқрор кунад кофир аст.

 

Руъяти худованд ва дидани Ӯ дар рузи қиёмат бе иҳотаву чигунагӣ дар Қуръону суннат собит шудааст. Худованд мефармояд:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَةٌ ﴿22﴾ إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ ﴿23﴾

«Чеҳраҳо дар он рӯз тобонанд, назаркунанда ба сўи парвардигоранд». (Қиёмат: 22-23).

 

Дар «Саҳеҳ«-и Бухорӣ ва Муслим аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ омадааст, ки гуфт: Шабе бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста будем. Ба сўи моҳ, ки дар шаби чаҳордаҳум буд, назар карда гуфт: «Ҳароина шумо парвардигоратонро ба аён хоҳед дид, тавре, ки инро ба аён мебинед».

 

ЭЪТИҚОДИ РОФИЗА ДОИР БА ҚУРЪОН,

КИ ХУДОВАНД БА ҲИФЗИ ОН КАФОЛАТ ДОДААСТ.

 

Рофиза мӯътақид ба онанд, ки Қуръоне, ки ҳоло мавҷуд аст, он Қуръоне нест, ки бар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст, балки он тағйир ва табдил шудааст ва ҳазфу илова шудааст.

 

Муҳаддисоне аз шиъа қоил ба таҳрифи Куръонанд.
Нурии Табрези дар китоби «Фасл-ул-хитоб» инро зикр кардааст.

 

Кулайнӣ дар китоби «Усули кофӣ» зери боби «Куръонро ғайри имомон касе ҷамъоварӣ накардааст», аз Ҷобир аз Абу Ҷаъфар меорад, ки гуфт:

Ҳарки даъво кунад, ки Қуръонро ба пуррагӣ хамон тавре, ки нозил шудааст ҷамъовари кардааст, ба таҳқиқ дуруғ гуфтааст. Касе ғайри Алӣ ибни Абитолиб ва имомон баъд аз у Қуръонро ҷамъоварӣ накардааст.

Аҳмади Табрезӣ дар «Эҳтиҷоҷ» ва Мулло Ҳасан дар тафсири «Софӣ» меорад, ки Умар ба Зайд ибни Собит гуфт:

АлӣҚуръонеро овард, ки дар он бадиҳои муҳоҷирину ансор аст. Чунин мебинем, ки Қуръонеро таълиф кунем ва аз он зикри бадиҳои муҳоҷирин ва ансорро соқит созем. Зайд ба ин дархости ӯ розӣ шуд ва гуфт: Чун аз китобати он фориғ шудам ва АлӣҚуръони таълифкардаи худашро ошкор созад, оё амали шуморо табоҳ намесозад?

Умар гуфт: Ҳила чист?

Зайд гуфт: Ҳила ин аст, ки ӯро бикушем ва аз ӯ халос шавем. Сипас хост, ки ӯро ба дасти Холид ибни Валид ба қатл расонад, вале натавонист.
Чун Умар халифа шуд, Алиро дархост карданд ба онон
Қуръонашро, ки ба назди Абубакр оварда буд, боз орад, то бар он иҷтимоъ намоянд.

Алӣ гуфт: Ҳайҳот! Ба ин кор роҳ нест. Ман онро ба назди Абубакр оварда будам, то ҳуҷҷат алайҳи ӯ қоим гардад ва рӯзи қиёмат нагӯед:

أَن تَقُولُواْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ ﴿172﴾

«Ҳароина мо аз ин ғофил будем» (Аъроф:172).


Ва ё нагӯед:

 
مَا جِئْتَنَا. هود 53

 «Ба мо наёвардӣ…» Ҳуд – 53.

Сипас гуфт: Ин Қуръон китобест, ки онро танҳо покизагон ва васиҳо аз фарзандони ман мегиранд.

Умар гуфт: Оё вақти муайяне аст, ки он Қуръон зоҳир гардад?

Алӣ гуфт: Оре, ҳамон вақте Қоим (имом Маҳдӣ), ки аз фарзандони ман аст, қиём кунад, ин Қуръонро зоҳир мекунад ва мардумро бар он боз медорад.

(Фасл-ул-хитоб, Сах: 7).

 

Агарчӣ имрӯз шиъиён китоби Нурии Табрезиро бинобар тақияашон инкор мекунанд, вале ин китоб садҳо далел аз китобҳои муътабари онон дорад ва собит месозад, ки уламои шиъа муътақид ба таҳрифи Қуръон буданд. Имрӯз онро ниҳон медоранд, то мусалмонон алайҳи онон доир ба ин ақидаашон нисбати Қуръони карим носазо нагӯянд.

Чунон бармеояд, ки ду Қуръон вуҷуд дорад. Яке маълум дар байни мардуми ом ва дигаре, ки махсус ба ашхоси муъайян аст, ниҳон аст ва аз сураҳои он Қуръони махфӣсураи «Вилоят» мебошад.

Инчунин ончӣ, ки ба ақидаи шиъа аз Қуръон соқит шудааст ояте аз сураи «Алам нашраҳ» мебошад ва он:


و جعلنا عليّا صهرك
«Алиро домоди ту гардонидем».

 

Онҳо аз ин гумонҳои фосиди худ хиҷолат намекашанд. Бехабар аз он, ки ин сура дар Макка, дар ибтидои ислом нозил шудааст. Ва онгоҳ Алӣ (р) домоди Расулуллоҳ набуд. Зеро издивоҷи Алӣ (р) ба Фотима (р) дар Мадина баъди ҳиҷрат буд.

 

 

АҚИДАИ РОФИЗА ДОИР БА САҲОБАГОН

 

Яке аз асосҳои ақидаи рофиза ҳақорату дашном ва ба куфр ҳукм кардани саҳобагон мебошад.

 

Кулайнӣ дар «Фуруъи Кофӣ» сах: 113 аз Ҷаъфари Содиқ меорад, ки гуфт:

«Ҳама мардум баъди паёмбар (с) кофир ва муртад шуданд ба ҷуз се нафар.
Гуфтам: Кистанд онҳо?

Гуфт: Миқдод бин Асвад, Абузари Ғифорӣ ва Салмони форсӣ«.

 

Маҷлисӣ дар китоби «Ҳаққул яқин» меорад, ки ходими Алӣ ибни Ҳусайн ба ў гуфт; маро бар ту ҳаққи хидмат аст. Маро хабар деҳ аз Абубакр ва Умар?

Гуфт: Онҳо кофир буданд, ҳарки ононро дўст дорад, пас ў низ кофир аст.

(«Ҳаққул яқин»: саҳ 522).

 

Бояд инҷо ишора шавад ба ин, ки Алӣ ибни Ҳусайн ва дигар имомони аҳли байт бар хилофи ин буҳтонҳо мебошанд, ки шиъа ононро туҳмат мекунанд. Аз онон собит шудааст, ки ҳаргиз адовате ба Абубакру Умар надоштанд, балки фазоили ононро эътироф мекарданд.

 

Дар тафсири Қуми, доир ба тафсири ин оят омадааст:

وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَالْبَغْيِ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ ﴿90﴾

 

«Ва боз медорад аз корҳои фаҳш ва нораво».(Наҳл: 90).

Мегуяд: Мурод аз «фаҳшо» Абубакр аст ва мурод аз «мункар» Умар ва мурод аз «бағй» Усмон мебошад.


Дар китоби «Мифтоҳул
ҷинон», ки назди шиъа муътабар аст, омадааст:

«Парвардигоро, дуруд бифирист бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад ва лаънат кун ҳар ду бути Қурайш ва ҷибту тоғути онро, ва лаънат кун духтарони онҳоро…

 

Аз расми қадими шиъиён ин аст, ки дар рўзи Ошӯро, ки иди онҳост, сагеро меоранд ва онро «Умар» меноманд, сипас онро бо асо мезананд ва сангсораш мекунанд, то он, ки бимирад. Сипас бузеро меоранд ва онро «Оиша» меноманд. Мўйҳои онро тор тор мекананд ва онро бо кафшҳо мезананд, то он, ки бимирад.

Инчунин рўзеро, ки дар он Умар (р) кушта шудааст, қайд мекунанд ва онро ид мегиранд ва қотили Умар (р) Фирузро, ки маҷусӣ буд Бобо Шуҷоуддин меноманд…

 («Алкуно вал алқоб» Аббоси Қуми, ч:2, саҳ:55).

 

Бингар эй бародари мӯъмин, ки аҳли ин фирқа то чӣ андоза нисбати беҳтарин афроди ин уммат кинаву адоват доранд ва носазо мегӯянд. Он афродеро, ки худованд дар Қуръон ва паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар аҳодисашон ба онон сано гуфтанд ва таърих шоҳиди хадамоти бузурги онон ба ин дин, фатҳу чиҳоди онон мебошад.

  

 

МУШОБИҲАТИ РОФИЗА БА ЯҲУД

 

Ибни Таймия мегӯяд: Балвои рофиза ба мисли балвои яҳуд аст. Яҳудиён мегуфтанд, ки касе ғайри оли Довуд салоҳияти мулк надорад.
Шиъиён гуфтанд: Имомату хилофат дуруст нест, магар дар фарзандони Ал
ӣ.

Яҳуд гуфтанд: То он, ки Масеҳ хуруҷ накунад, ҷиҳоде нест.

Рофиза мегӯянд: То он, ки Маҳдӣ хуруҷ накунад, ҷиҳоде нест.

Яҳудиён намозашонро ба таъхир меандозанд, то он, ки ситораҳо намудор шаванд. Инчунин Рофиза намози шомро то намудор шудани ситорагон ба таъхир меандозанд.

Ҳол он, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармоянд:

 

لا تزال أمّتي على الفطرة ما لم يؤخّروا المغرب إلى اشتباك النجوم (رواه أبو داود وابن ماجه و أحمد )

 

«Уммати ман бар фитратанд модоме, ки намози шомро то намоён шудани ситорагон ба таъхир наяндозанд». (Ривояти Аҳмад, Абу Довуд, ва Ибни Моҷа).

 

Яҳуд ба Таврот ҳарф дароварданд, инчунин рофиза ба Қуръон ҳарф дароварданд.

 

Яҳуд нисбат ба Ҷабраил адоват доранд ва инчунин баъзе аз рофиза ба ӯ адоват доранд ва мегӯянд, ки ў ба хато ваҳйро бар Муҳаммад нозил кардааст.

Инчунин рофиза бо насрониён дар хислатҳои онон мувофақат кардаанд.

Насоро бо занҳо бе маҳр омезиш мекунанд ва рофиза низ ба номи мутъа бо занон омезиш мекунанд, бе маҳру никоҳ.

 

Яҳуд ва насоро дар хислате аз рофиза беҳтаранд:

 

Яҳудро пурсиданд, ки беҳтарин афроди дини шумо кист?

Гуфтанд: Асҳоби Мусо (а).

Насрониёнро пурсиданд: Беҳтаринони дини шумо?

Гуфтанд: Асҳоби Исо (а).

Рофизаро пурсиданд: Бадтарин афроди дини шумо?

Гуфтанд: Асҳоби Муҳаммад (с).

(Минҳоҷус-суннаҳ: ҷ:1, саҳ:24).

 

  

АҚИДАИ РОФИЗА ДОИР БА ИМОМОН

 

Рофиза даъво мекунанд, ки имомони онҳо маъсуманд ва ғайбро медонанд.

 

Кулайнӣ дар «Усули кофӣ«, ки ин китоб дар назди онон ба манзилати Саҳеҳи Бухории аҳли суннат аст, меорад:
Имом
Ҷаъфари Содиқ фармуд:

«Мо хазинаҳои илми худоем, тарҷумони амри ў ҳастем, маъсумем ва ҳама маъмуранд, ки ба мо итоат кунанд ва аз фармонҳои мо сарпечӣ накунанд. Мо ҳуҷҷати болиғаи худоем, бар тамоми онҳое, ки зери осмону болои заминанд… (Усули кофӣ: 165).

 

Инчунин дар боби «Имомон агар хоҳанд, ҳамаро медонанд» меорад:
«Имом ҳаргоҳ, ки донистан хост, хоҳад донист. Имомон медонанд, ки кай мемиранд. Онҳо намемиранд, магар ба ихтиёри худ… (Усули кофи: саҳ:258).

 

Хумайнӣ, ки аз пешвоёни муосири онҳост дар яке аз рисолаҳояш менигорад, ки имомҳо беҳтар аз паёмбаронанд: «Имомони мо макоме доранд, ки ба он фариштаи мукаррабе ва ё паёмбари мурсале наметавонад бирасад…».

 

Дар китобҳои шиъа суханоне, ки пур аз ширку куфранд, хеле зиёданд. Бубин, ки ин олим ва шоири муосири шиъи Иброҳими Омилӣ чигуна имом Алиро мадҳ мекунад:

 «Эй Абул Ҳасан! Ту айнан илоҳ ҳастӣ. Унвони қудрати ӯ ҳастӣ. Ту илми ғайбро иҳота кардӣ ва аз ту чизе пинҳон нест. Ту идоракунандаи коинотӣ. Амр ба дасти худат аст, агар хоҳи фардо зинда мешави…»

 

Шоири дигари шиъӣАли ибни Сулаймони Мазидӣмегуяд:

«Эй Абулҳасан! Ту ҳамсари покдоманӣ. Ту бар ҷониби худоиву нафси расулӣ! Бозгашти ҷамиъи умур ба сўи туст! Ва ту медонӣ ончиро, ки дар қалбҳост. Ту барангезандаи ончиро, ки дар қабрҳост. Ҳукми рузи қиёмат аз худат аст. Ту шунавоӣ, ту биноӣ, ту бар ҳама чиз тавоноӣ. Агар ту набуди ситораҳо равон намешуданд. Ту бар хама халқ доно ҳастӣ. Агар ту набуди Мусо калим намешуд. Сирри номи ту байни оламиён нуҳуфта аст. Муҳаббати ту ба мисли хуршеди тобон бар ҷабинҳост. Ҳарки туро буғз намуд растагор нашуд ва пешонии у ба монанди кир тира шуд. Ҳама кавн, ҳама анбиёву мурсалин, каламу лавҳул маҳфуз ва ҳама оламиён мамлук ва бандагони туянд.

Абул Ҳасан! Эй идоракунандаи вуҷуд. Эй обдиҳандагони муҳиббонат дар рузи вопасин.

 Абул Ҳасан! Номи ту дар тангиҳо бароям шиъор аст. Муҳаббати ту маро дохили биҳишт хоҳад кард…»

 

Ин маънии қасида аст. Инро шахсе гуфтааст, ки даъвои ислом ва мусалмонӣ ва даъвои муҳаббати аҳли байт мекунад. Қасам ба номи худо, ки аҳли ҷоҳилият ба мисли ин шоири рофизӣ дар ширку куфр ва ғулувв фуру нарафта буданд.

 

 

АҚИДАИ РАҶЪАТ

 

Бидъати раҷъат ва ё бозгашти мурдагон яке аз бидъатҳои рофизиён аст.

Муфид мегӯяд: Шиъаи имомия ба раҷъати бисёре аз мурдагон муътақиданд. (Авоилул мақолот).

 

Раҷъат дар назди онон қиёми охирин имомашон мебошад, ки ӯро қоим меноманд. Қиёми ӯ дар охири замон хоҳад буд. Ин имом ба пиндори онон аз Сардоб хуруҷ мекунад ва тамоми душманони шиъаро забҳ намуда ба шиъа ҳуқуқи ғасбшудаашонро боз мегардонад.

 

Сайид Муртазои рофизӣ менигорад: Абубакру Умар бар дарахте сабз салб карда мешаванд ва ин дарахт аз шумии онон хушк мешавад. (Авоилул мақолот).

Маҷлисӣ аз Муҳаммади Боқир меорад: Чун Маҳдӣ зоҳир шавад, Оиша модари мӯъминонро зинда мекунад ва дарра мезанад. (Ҳаққул яқин, саҳ: 347).

Сипас ақидаи раҷъат байни шиъа чандон ривоҷ ёфт, ки қоил ба зинда шудани тамоми имомҳо ва мухолифонашон шуданд.

Ин ақидаи хурофотӣ, ки ихтироъ кардаанд, баёнгари кинаи ниҳонӣ ва шадиди онон нисбати бузургони саҳобагон мебошад.

Натиҷаи эътиқодашон ин буд, ки фирқае аз шиъа ба номи «Сабаъия» рӯзи қиёматро инкор карданд.

 

 

АҚИДАИ ТАҚИЯ

 

Тақияро яке аз уламои муосири шиъа чунин муаррифӣ мекунад:«Тақия ин аст, ки бигўи ва ё бикуни он чизеро, ки эътиқод накунӣ, ба хотири дафъи зарар аз худат ва ё молат ва ё ба хотири нигаҳ доштани обрӯят». (Шиъа дар мизон: саҳ 48).

Мепиндоранд, ки Расуллулоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ тақия кард онгоҳ, ки Абдуллоҳ ибни Убай сардори мунофиқон вафот кард. Омад то бар у намоз гузорад. Умар гуфт: Оё Худованд туро аз ин кор манъ накардааст? Он ҳазрат ба Умар гуфтанд: Вой бар ҳоли ту! Оё медони ман чӣ гуфтам? Гуфтам: Худоё шиками ӯро пур аз оташ кун! (Фуруъи кофӣ, саҳ: 189).

Бубин, чигуна ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуруғро нисбат медиҳанд! Оё мумкин аст, ки саҳобагон ба мурда талаби раҳмат кунанду Паёмбар (с) пинҳонӣ аз онон ӯро лаънат кунад?!.

 

Кулайнӣ менигорад: Абу Абдуллоҳ гуфт: Эй Абу Умар, аз даҳ нуҳ ҳиссаи дин дар тақия аст ва ҳаркӣ тақия надорад, дин надорад. Дар ҳама кор тақия раво аст, ба ҷуз шаробнушӣ ва масҳ бар масҳӣ«.

Кулайни инчунин аз Абу Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки фармуд: «Аз худо битарсед бар динатон ва динатонро бо тақия пинҳон кунед. Зеро ҳарки тақия надорад имон надорад. (Усули кофи: саҳ 482).

 

Рофиза тақияро яке аз фароизи мазҳабашон медонанд, ки бе он мазҳаб барпо намегардад.

 Тақия ҷуз дуруғгӯӣ ва гурез аз маломати мусалмонони ҳақпараст чизи дигаре нест.

  

 

АҚИДАИ ТУРБАТИ ҲУСАЙНӢ

 

Мақсуд аз турбат дар назди рофиза қабри Ҳусайн (р) мебошад.
Яке аз шайхҳои рофиза, ки ӯро шайхи Муфид меноманд дар китоби «Мазор» аз Абу Абдуллоҳ меорад, ки ӯ гуфтааст: «Хоки қабри Ҳусайн шифои ҳама бемориҳост ва он давои бузург аст».

 

Инчунин гуфтааст: Фарзандонатонро аз хоки Ҳусайн бихуронед!»

 

Ривоят мекунад, ки ҳаргоҳ ба Абул Ҳасани Ризо ҳадияе медоданд ба даруни он аз он хок мегузоштанд.

Аз Ҷаъфари Содиқ ривоят мекунанд, ки ӯ ба шахсе, ки он хокро мехӯрд, фармуд: Чун онро тановул карди ин дуоро бихон: «Худоё, ба ҳаққи набию васӣ ба Муҳаммад дуруд бифирист! Ва ин хокро бароям шифо аз бемори ва амон аз хавф гардон!»

 

Рофизиён чунин мепиндоранд, ки онҳо аз хоки махсус офарида шудаанд ва сунниён аз хоки дигар. Баъзе аз ин хокҳо ба ҳам омехта шуданд ва аз он гунаҳкорони шиъа офарида шудаанд, ки аз таъсири хоки сунниён аст. Сунние, ки бо салоҳу амонат аст ба сабаби таъсири хоки шиъиён аст. Чун рузи қиёмат фаро расад, бадиҳо ва гуноҳони шиъа бар аҳли суннат мегузарад ва некуҳои онон ба шиъиён дода мешавад…

(Биҳорул Анвор, ҷ :5, саҳ247).

 

 

АҚИДАИ РОФИЗА ДАР БОРАИ АҲЛИ СУННАТ

 

Рофиза чунин эътиқод мекунад, ки мол ва хуни аҳли суннат барои онон ҳалол аст.

 

Муҳаддиси рофизӣ Садуқ дар «Илал» аз Довуди Фиркид меорад, ки гуфт: Ба Абу Абдуллоҳ гуфтам: Дар бораи носибӣ чӣ мегӯед?
Гуфт: Хуни ӯ ҳалол аст. Агар тавони, ки болои у деворро гардон
ӣ ва ё битавони ӯро дар баҳр ғарқ куни, бикун!

 Гуфтам: Дар бораи моли у?

Фармуд: Бигир аз молаш ҳар чӣқадар, ки тавонӣ.
(Маҳосини нафсон
ӣ, саҳ:166).

 

(Ногуфта намонад, ки муроди шиъа аз носибиён аҳли суннат аст).

 

Рофиза мепиндорад, ки куфри аҳли суннат сахттар аз куфри яҳуду насоро мебошад. Зеро яҳуду насоро кофирони асли буда, аҳли суннат кофирони муртад ва аз дин бозгаштагонанд ва кофири муртад бадтар аст.

Бинобар ин тавре, ки таърих шоҳид аст, рофиза дар ҳар давру замон кофиронро алайҳи аҳли суннат ёрӣ ва муовинат мекунанд.

 

Ибни Таймия менигорад, ки вақте муғулҳо ба кишварҳои исломӣ ҳуҷум карданд, рофиза ононро кумак ва дастёрӣ карданд, хусусан вазире, ки Алқамӣ ном дошт. (Фатово, 3:35, саҳ:151).

 

Дар китоби «Васоили шиъа» аз Фузайл ибни Ясор омадааст, ки гуфт: Абу Ҷаъфарро пурсидам доир ба зани шиъӣ; оё ҷоиз аст, ки ба носибӣ издивоҷ кунад?

Гуфт: На, зеро носибӣ кофир аст. (ҷ: 7, саҳ 431).

 

Ба ақидаи аҳли суннат носибӣ он шахсе аст, ки нисбат ба ҳазрати Алӣ (р) душманӣ дорад. Чунин шахс ба иҷмоъи уламои аҳли суннат гумроҳ ва бар хато аст. Вале рофиза аҳли суннатро носибӣ меноманд. Зеро онон Абубакр (р) ва Умар (р) ро бар Алӣ (р) муқаддам медонанд.

Шакке нест, ки саҳобагон ҳатто дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абубакр ва Умарро фозилтар аз Алӣ медонистанд.
Абдуллоҳ ибни Умар мегуяд: «Дар замони Паёмбар (саллалло
ҳу алайҳи ва саллам), беҳтарини ин умматро Абубакр, сипас Умар ва сипас Усмон медонистем». (Ба ривояти Бухорӣ).

Табаронӣ бо иснодаш дар давоми ҳадис аз Абдуллоҳ ибни Умар меорад: «Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) инро медонистанд, вале инкор намекарданд».

Ибни Асокир ривоят мекунад: «Абубакру Умар ва Усмону Алиро беҳтаринҳои ин уммат мешуморем».

Имом Аҳмад аз Алӣ (р) ривоят мекунад, ки гуфт:  «Беҳтарин ин уммат Абубакр ва сипас Умар аст. Агар хостам , саввумиро низ номбар мекардам».

Заҳабӣ мегуяд: Ин ҳадис ба исноди мутавотир собит шудааст.

 

МУТЪА ДАР НАЗДИ ШИЪА

 

Никоҳи мутъа дар назди рофиза фазилати бузург дорад.
Фатҳуллоҳи Кошон
ӣ аз имом Содиқ меорад, ки фармуд: «Мутъа дини ман ва падарони ман аст. Ҳарки ба он амал кунад ба дини мо амал кардааст ва ҳарки онро инкор кунад, дини моро инкор кардааст, балки чунин шахс дар ғайри дини мо аст. Фарзанде, ки аз мутъа таваллуд мешавад, беҳтар аз фарзанди никоҳи доимист. Инкоркунандаи мутъа кофири муртад аст».
(Манҳа
ҷус содиқин, саҳ:356).

 

Қумӣ аз Абдуллоҳ ибни Синон ва ӯ аз Абу Абдуллоҳ ривоят мекунад, ки гуфт: «Худои таоло ҳаром кард бар шиъаи мо шароби масткунандаро ва ба ивази он издивоҷи мутъаро ато кард».
(Китоби «Ман ло яҳзуруҳул фақеҳ» саҳ: 330).

 

Рофиза дар никоҳи мутъа адади муайянеро шарт намедонанд.


Дар китоби «Фуруъи коф
ӣ«, «Таҳзиб» ва «Истибсор» аз Зирорӣ омадааст:

«Ба Абу Абдуллоҳ мутъаро зикр кардам, ки оё он ба чаҳорзании машруъ дохил аст? Фармуд: Агар хости ҳазор занро ба мутъа бигир, зеро онҳо муздгирандагонанд». (Таҳзиб, ҷ: 2, саҳ:188).

 

Муҳаммад ибни Муслим аз Абу Ҷаъфар меорад, ки гуфт:
«Мутъа дохили чаҳорзан
ӣ нест, зеро зани мутъа на талоқ дода мешавад ва на мерос мегирад, балки он музд мегирад. (Фуруъи кофӣ, ҷ: 2, саҳ: 43).


Ин аст акидаи онон! Ҳол он, ки Худованд ғайри ҳамсар ва каниз, тамоми намудҳои алоқа бо занро ҳаром эълон мекунад:

 

 ( وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ. إِلَّا عَلَى أَزْوَاجِهِمْ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُ مَلُومِينَ ) المؤمنون:5-7

«Ононе, ки авратҳои худро нигоҳ медоранд, аз ғайри зан ва канизҳояшон, инҳо маломат карда намешаванд. Пас ҳарки ба ҷуз зану каниз дигареро хоҳад пас он гуруҳ таҷовузкунандагонанд».
(Мӯъминун: 5/7).

 

Ин оят баён мекунад, ки никоҳ ва алоқа танҳо бо ҳамсар ва каниз мубоҳ аст ва ончӣ ғайри инҳост, ҳаром аст. Зани мутъакунанда музд мегирад, пас вай ҳамсар нест, на мерос мегирад ва на талоқ дода мешавад. Пас он ҷуз зино чизи дигаре нест.

 

Шайх Ибни Ҷибрин мегӯяд: Рофиза барои никоҳи мутъа ин оятро далел меоранд:

وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ النِّسَاء إِلاَّ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ كِتَابَ اللّهِ عَلَيْكُمْ وَأُحِلَّ لَكُم مَّا وَرَاء ذَلِكُمْ أَن تَبْتَغُواْ بِأَمْوَالِكُم مُّحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ فَمَا اسْتَمْتَعْتُم بِهِ مِنْهُنَّ فَآتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةً وَلاَ جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِيمَا تَرَاضَيْتُم بِهِ مِن بَعْدِ الْفَرِيضَةِ إِنَّ اللّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمًا ﴿24﴾

«Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳое, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд. Аз китоби худо пайрави кунед! Ва ҷуз инҳо, занони дигар бароятон ҳалол аст, ҳаргоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ дароваред, на ба зино. Ва занонеро, ки аз онҳо таматтуъ мегиред, воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед ва пас аз маҳри муайян, дар қабули ҳарчӣ, ҳарду ба он розигӣ бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар оина Худо донову ҳаким аст! » (Нисо:24)

 

Мегӯем (ибни Ҷибрин): Ин оятҳо дар бораи никоҳ мебошанд, аз қавли Худованд:

لا يَحِلُّ لَكُمْ أَنْ تَرِثُوا النِّسَاءَ. (النساء:19)

 

«Шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон ба ирс бибаред.» (Нисо:19).

То қавли Ӯ:

وَإِنْ أَرَدْتُمُ اسْتِبْدَالَ زَوْجٍ مَكَانَ زَوْج. (النساء:20)

 

«Агар хостед зане ба ҷои зани дигар бигиред…»

 

Ва қавли Ӯ:

وَلا تَنْكِحُوا مَا نَكَحَ آبَاؤُكُمْ.(النساء:22)

«Бо заноне, ки падаронатон ба акди хеш даровардаанд, заношўи накунед!»

Ва қавли Ӯ:

حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ (النساء:23)

«Ҳаром карда шуд бар шумо никоҳи модаронатон…»


Баъд аз он, ки маҳрамҳои насаб
ӣ ва сабабиро номбар кард, гуфт:

 

وَأُحِلَّ لَكُمْ مَا وَرَاءَ ذَلِكُمْ. (النساء:24)

«Мубоҳ карда шуд ба шумо боқимондаи занҳоро».

 

Чун онҳоро ба хотири таматтуъ ва лаззат бурдан, ки он ҷимоъ аст никоҳ кардед, пас ба онҳо маҳрҳояшонро, ки муайян карда будед, бидиҳед. Агар онон чизеро аз маҳр ба хоҳиши худ ва хотири хуш нагирифтанд, пас барои шумо боке нест.

Ин тавр тафсир карданд ин оятро тамоми муфассирон аз саҳобагон ва ғайри онон.

 

ДАЛЕЛ АЗ СУННАТ БА ҲАРОМ БУДАНИ НИКОҲИ МУТЪА

 

Ҳадиси Рабеъ аз падараш Сабраи Ҷуҳанӣ аст, ки ӯ ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд. Фармуд:

 «Эй мардум! Ман ба шумо мутъаи занҳоро изн (иҷоза) дода будам. Ҳароина худованд онро ҳаром гардонид, то рузи қиёмат. Пас ҳаркӣ назди ӯ аз ин қабил занҳо аст, талоқ диҳад. Аз ончӣ ба онҳо додаед, чизеро нагиред!» (Ривояти Муслим).

 

 

НАҶАФ ВА КАРБАЛО ДАР НАЗАРИ ШИЪА

 

Шиъа макони қабрҳои имомҳояшонро ҳарами муқаддас мешуморанд. Куфа ҳарам аст, Карбало ҳарам аст ва Қум низ ҳарам аст.

Ба Ҷаъфари Содиқ ривоятеро нисбат медиҳанд, ки гуфт: «Ҳарами худо Макка аст, ҳарами Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Мадина аст, ҳарами Амирулмӯъминин Алӣ (р) Куфа аст ва ҳарами мо Қум аст».

 

Карбало дар назди шиъа беҳтар аз Каъба аст.

 

Дар китоби «Баҳорул анвор» аз Абу Абдулло ривоят мекунанд, ки фармуд: «Худованд ба сўи Каъба ваҳй фиристод, ки агар хоки Карбало набудӣ, туро фазл надода будам. Агар оне набудӣ, ки замини Карбало ӯро бар худ гирифтааст, туро чунин хонае намегардонидам, ки фахр куни. Қарор биист ва думе хору залил барои Карбало бош ва такаббур накун, вагарна туро ғазаб мекунам ва дар оташи чаҳаннам фуру меафканам»… (Баҳорул анвор, ҷ: 10, саҳ: 107).

 

Дар китоби «Мазор» и Муҳаммади Нуъмон (Шайхи Муфид) омадааст, ки зиёраткунандаи қабри Ҳусайн, бояд бо дасти росташ ишора кунад ва ин дуоро хонад:

 «Барои зиёрати ту омадам, мепурсам, ки қадамҳои ман дар ин ҳиҷрат ба сўи ту устувор бошад. Яқин дорам, ки Худованд ба сабаби ту ғамро мебардорад, раҳматро нозил мекунад, заминро медорад ва кӯҳҳоро бо субот месозад. Рӯй меорам ба сўи Парвардигорам ба воситаи ту, эй саййиду пешвои ман, дар қазои ҳоҷатҳоям ва мағфирати гуноҳҳоям…»

 

Инчунин дар китоби мазкур доир ба фазилати Куфа омадааст: «Беҳтарин буқъа дар рӯйи замин баъд аз ҳарами Худо ва ҳарами Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Куфа мебошад, зеро он неку покиза аст. Дар он қабрҳои анбиёву мурсалин ва авлиёву солеҳин вуҷуд дорад. Дар он адли илоҳӣ зуҳур меёбад ва дар он қоимкунандагон баъди ман қиём мекунанд… (Мазор, саҳ: 99).

 

Хонандаи азиз худат қазоват кун, ки ин қавм то чӣ андоза дар ширку гумроҳӣ фурў рафтаанд; Ба хонаи Худо истеҳзо мекунанд ва аз одамӣ талаби мағфират мекунанд. Ҳол он, ки худованд фармудааст:

 

وَمَنْ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا اللَّهُ  (آل عمران: 135)

 

«Касе гуноҳро набахшад, магар Аллоҳ». (Оли Имрон:135).

 

 

ИХТИЛОФИ ШИЪА БО АҲЛИ СУННАТ

 

Низомиддини Аъзамӣ дар муқаддимаи китоби «Шиъа ва мутъа» менигорад: «Хилоф байни мо ва онҳо танҳо дар масъалаҳои шохавии фиқҳӣ ба мисли мутъа нест, балки хилоф дар асли дин ва ақида мебошад. Ба мисли:

1 — Рофиза мегӯяд, ки Қуръон таҳриф шуда ва ноқис аст.

Мо мегӯем, ки Қуръон каломи Аллоҳ аст, ноқис нест, балки комилан маҳфуз мондааст ва ҳаргиз дар он таҳрифу табдил ва нақсу тағйире роҳ наёфтааст. Худованд онро то рӯзи қиёмат ҳифз хоҳад кард. Тавре, ки мефармояд:

إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ. (الحجر:9)

 

«Мо ин Қуръонро нозил кардем ва мо онро нигаҳдорандаем». (Ҳиҷр:9).

 

2 —  Рофиза мегӯяд, ки саҳобагони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷуз ададе чанд, баъди вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) кофир ва муртад шуда бар ақиб баргаштанд. Ба дин ва амонат хиёнат карданд, хусусан се халифа: Сиддиқу Форуқ ва Зуннурайн. Бинобар ин се нафар дар назди онон кофиртарин ва гумроҳтарини мардуманд.

Мо мегӯем, ки саҳобагони Расуллуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) беҳтарин мардумонанд баъди Паёмбарон. Онҳо дар нақли Қуръон ва шариъат одил буда, ҳаргиз дуруғро ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат надодаанд.

 

3 — Рофиза мегӯянд, ки имомони дувоздаҳгона мисли Паёмбарон маъсуманд, ғайбро медонанд ва аз тамоми улуме, ки ба фариштагону Паёмбарон нозил шудааст бохабаранд. Илми гузаштаву ояндаро медонанд ва чизе аз онҳо ниҳон нест. Онҳо тамоми забонҳои аҳли заминро медонанд ва тамоми замин мулки онҳост.

Мо мегӯем, ки онон инсонанд монанди дигар инсонҳо ва хусусиятҳои илоҳӣ надоранд. Байни илми онҳо ва дигар уламои ислом фарқе нест. Масдари илми ҳама як шариат аст. Мо ба онон умуреро нисбат намедиҳем, ки онон бар худ онро даъво намекарданд, балки аз он умуре, ки бар онон нисбат дода мешавад, худи онон аз он наҳй мекарданд ва ба он розӣ набуданд.

 

Мо мегӯем, ки Алӣ (р) баъди Абубакру Умар ва Усмон сазовортарин шахс бар хилофат буд. Доир ба хилофати ӯ аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) васияте собит нашудааст ва тамоми аҳодисе, ки доир ба васият ривоят шудааст, иснодаш заъиф аст ва ё бофташуда аст.

Мо аҳли суннат мегӯем, ки байни Алӣ ва Абубакру Умару Усмон адовате собит нашудааст, балки худи Алӣ хилофати ононро пазируфта бо онон байъат карда буд.

 

 

ИДИ ОШУРО

 

Рофиза дар рӯзи Ошуро маросимҳову мотамҳо барпо мекунанд ва дар он навҳакашӣ мекунанд. Дар кӯчаҳову майдонҳо иҷтимоъ мекунанд ва дар он рӯз ба хотири посдории шаҳодати имом Ҳусайн (р) либосҳои сиёҳ мепўшанд ва ҳузни худро зоҳир мекунанд. Ин корро ҳар сол дар даҳаи аввали моҳи Муҳаррам анҷом медиҳанд ва мӯътақид бар онанд, ки бо ин амалашон ба даргоҳи илоҳӣ қурбат меҷӯянд. Чеҳраҳову синаҳои худро бо дастон мезананд ва либосҳоро пора мекунанд, гоҳо худро бо занҷирҳо мезананд…

Пешвоёнашон ба ин хурофот, ки ба сабаби он хандахариши миллатҳо шудаанд, тарғибу ташвиқ мекунанд.

 

Яке аз марҷеъҳои шиъа Муҳаммад Ҳасан оли Кошифулғиторо аз ин аъмол пурсиданд. Гуфт, ки он аз бузургдошти шиъорҳои худовандист, ки дар оят ворид шуда аст:

ذَلِكَ وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ (الحج:32)

 

«Ҳаркӣ шиъорҳои Худовандро бузургдошт намояд, пас он аз нишони тақвои қалбҳост.» (Ҳаҷ:32).

 

Ҳол он, ки дар ҳадис собит шудааст: «Наҳй кард Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз задани чеҳраҳо ва пора кардани либосҳо…» (Ривояти Муслим).

 

 

БАЙЪАТ ДАР НАЗДИ РОФИЗА

 

Рофиза ҳама ҳукуматҳои исломиро ба ҷуз ҳукумати шиъа ботил медонанд.

Дар «Шарҳи Кофӣ« ва «Ғайбат»-и Нуъмонӣ ва «Баҳор» аз Абу Ҷаъфар омадааст, ки фармуд: «Ҳар байрақе, ки пеш аз байрақи Қоим (Маҳдӣ) бардошта шавад соҳиби он тоғут аст». (4:12, саҳ: 371).

 

Ҷоиз нест дар назди рофиза итоат кардан ба ҳокиме, ки аз ҷониби Худо набошад, магар бар сабили тақия. Дар гузашти таърих, тамоми ҳокимонеро, ки тибқи шариати исломӣ ҳукм мекарданд, аз халифаҳои рошидин ва баъди онон ҳамаро золиму ситамгар меноманд.

 

Маҷлисӣдоир ба хулафои рошидин Абубакру Умар ва Усмон мегӯяд: Онҳо ғосибону золимон ва кофироне буданд, ки аз дини Худо муртад шуда буданд. Лаънати худо бар он хулафо ва бар ононе бод, ки дар зулми аҳли байт пайравӣ ба он хулафо карданд…» (Баҳорул анвор, ҷ: 4, саҳ: 385).

 

Ин буд сухани имоми муҳаддисони рофиза Маҷлисӣ, ки китоби ӯ аз муҳимтарин ва асоситарин масдари онон дар ҳадис мебошад.

 

Кулайнӣ аз Умари Ҳанҷала меорад, ки гуфт: «Абу Абдуллоҳро пурсидам доир ба ду марде, ки аз шиъиён дар масъалаи мерос байни онон хусумат ва низоъ воқеъ шуд ва ба сўи султон ва ё қозии аҳли суннат муроҷиат карданд, то байни онон ҳукм ва қазоват кунад. Оё ин кор ҷоиз аст? Фармуд: Ҳар кӣ ба сўи онон бо ҳақ ва ё ботил муроҷиат кунад, ба таҳқиқ ба сўи тоғут муроҷиат кардааст. (Усули Кофӣ, ҷ: 1, саҳ: 67).

 

Хумайнӣ пас аз зикри ин ривоят мегӯяд: «Имоми мо худаш аз муроҷиат кардан ба сўи султону қозиҳои онон манъ мекунад. Муроҷиат ба сўи он, муроҷиат ба тоғут аст». (Ҳукумати исломӣ, саҳ: 74).

 

ТАҚРИБ БАЙНИ АҲЛИ СУННАТ ВА РОФИЗА

 

Дар мавзӯъи тақриб ва ё наздик кардан байни шиъа ва аҳли суннат бо зикри сухани дуктур Носири Қифорӣ аз китоби «Масъалаи тақриб» иктифо менамоям:

«Чӣ гуна мумкин аст тақриб бо ононе, ки таън ба китоби Аллоҳмезананд ва мӯътақид ба онанд, ки ба имомҳояшон аз ҷониби Аллоҳ ваҳй нозил шудааст?! Имоматро нубувват мешуморанд ва имомҳо дар назди онон бартар аз паёмбаронанд. Ибодатро тоати имом маънидод мекунанд ва ширкро тоати ғайри онон. Беҳтарин саҳобагонро кофир мешуморанд ва тамоми саҳобагонро, ба ҷуз чанд нафар, ба риддат ҳукм мекунанд. Ақидаи онон аз тамоми мазоҳиби ислом фарқ мекунад. Умуреро ба дин дохил карданд, ки онро худованд нозил накардааст, балки онро асл ва асоси дин мешуморанд, ба мисли имомат, исмат, тақия, раҷъат, ғайбат, бадоъ ва ғайраҳо…

 

 

СУХАНОНИ УЛАМО ДОИР БА РОФИЗА

 

Шайхул-ислом Ибни Таймия мегӯяд:

«Аҳли илм бо нақлу ривоят ва иснод муттафиқ бар онанд, ки фирқаи рофиза дуруғгўйтарини мардумон аст, дуруғгўйӣ дар онон аз қадим маъруф аст.

 

Ашҳаб аз имом Молик дар бораи рофиза пурсид, фармуд:

Ба онон сухан магӯй ва аз онон ривоят макун, зеро онон дуруғгўянд.

Инчунин мегӯяд: Ононе, ки саҳобагони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дашном медиҳанд аз ислом насибе надоранд. Худованд дар ҳаққи саҳобагон фармудааст:

 

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاء عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاء بَيْنَهُمْ تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِنْهُم مَّغْفِرَةً وَأَجْرًا عَظِيمًا ﴿29﴾

 

«Муҳаммад фиристодаи Аллоҳаст ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Ононро бинӣ ки рукуъ мекунанд, ва саҷда меоранд ва ҷӯёи хушнудии Аллоҳҳастанд. Нишонаашон асари саҷдаест ба чеҳраи онҳо. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киште ҳастанд, ки чавона бизад ва он чавона маҳкам шавад ва бар пойҳои худ биистад ва кишоварзонро ба шигифтӣ водорад, то онҷо, ки кофиронро ба хашм оварад. Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро имон оварданд ва корхои шоиста карданд, ба омӯрзиш ва подоше бузург ваъда додааст». (Фатҳ: 29).

Ибни Касир дар тафсири ин оят меорад: Дар асоси ин оят имом Молик ба куфри рофиза ҳукм кард. Зеро онон душман медоранд саҳобагонро.

Ин оят далолат бар он мекунад, ки ҳар, ки ононро душман донад ва бад бинад кофир аст, хусусан саҳобагони аввалинро аз муҳоҷирону ансор.

 

Қуртубӣ мегӯяд: Имом Молик чӣ хуш гуфтааст ва дуруст таъвил кардааст: «Ҳаркӣ бар саҳобагон таъна зад, каломи худовандро инкор кардааст ва шариатро ботил шуморидааст.

 

Абу Ҳотами Розӣ аз имом Шофеъӣ нақл мекунад, ки гуфт:

Касеро дар шаҳодати дурӯғ зиёдатар аз рофиза надидам.

 

Ибни Ҳорун мегӯяд:

Аз ҳар як соҳиби бидъате ривоят кардан мумкин аст, ба ҷуз рофиза, зеро онон дурӯғгӯянд.

 

Ибни Саъиди Исфаҳонӣ аз Шарик меорад, ки гуфт:

Илмро аз ҳар кас метавони бигирӣ ба ҷуз рофиза. Зеро онон ҳадисҳое мебофанд ва онро дин мешуморанд.

 

Аъмаш мегӯяд:

Уламоро дарёфтам, ки ҳама рофизаро «каззобон» меноманд.

 

Ибни Таймия мегӯяд:

Асли бидъати рофиза зандақаву куфр ва илҳод аст. Бисёре аз онон амдан ривоятҳои бардурўғ месозанд ва худашон ба ин корашон иқрор шуда мегўянд: Дини мо тақия аст, яъне бо забон гуфтани чизе, ки қалб ба он мӯътақид набошад. Ин кизбу дуруғ аст, балки нифоқ аст.
(Минҳо
ҷус суннаҳ, ҷ: 1, саҳ: 59).

 

Абдуллоҳ писари Аҳмади Ҳанбал мегӯяд:

Падарамро дар бораи рофиза суол кардам. Гуфт: Касоне ҳастанд, ки Абубакру Умарро дашном медиҳанд. Он халифаҳоро дӯст дор ва касе, ки ононро носазо гӯяд, ӯро душман дор!.

 

Абубакри Марвазӣ мегӯяд:

Аҳмади Ҳанбалро дар бораи касоне, ки Абубакру Умар ва Оишаро дашном медиҳанд, пурсидам. Гуфт: Ман ӯро дар ислом намебинам.

 

Ибни Ҳазм вақте, ки насрониён китобҳои рофизаро назди ӯ оварданд гуфт: Онҳо насибе аз ислом надоранд ва қавли онон ҳуҷҷат нест. Рофиза фирқаест, ки баъд аз биступанҷ соли вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба вуҷуд омад. Ибтидои он аз ашхосе буд, ки даъвати душманони исломро лаббайк гуфтанд ва дар ин дин фитнаҳову хурофот эъҷод карданд. Тоифае, ки дар дурӯғсозиву куфр роҳи яҳуду насороро паймуданд. (Милал ва ниҳал, ҷ: 2, саҳ: 78).

 

Абу Зуръаи Розӣ мегӯяд:

Чун шахсеро диди, ки саҳобагони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро носазо мегӯяд, бидон, ки ӯ зиндиқ аст.

 

Лаҷнаи фатвои мамлакати арабистони Саудӣ бо риёсати Ибни Боз ва дигар уламо доир ба хӯрдани гуште, ки рофизӣ забҳ кардааст, чунин фатво хориҷ кард:

 Агар он рофизиён аз Алӣ (р) ва фарзандони ӯ дуо ва мадад талабанд, пас онҳо мушриконанд. Ҷоиз нест хӯрдан аз забҳи онон, зеро забҳ кардани мушрикон ҳаром аст.

 

Шайх Абдуллоҳи Ҷибрин низ ба ин суол чунин посух дод:

Рофиза ғолибан бар ширк фурӯ рафтаанд ва хӯрдани гушти ҳайвоне, ки мушрик забҳ кардааст, ҷоиз нест. Ба Алӣ (р) сифатҳои илоҳиро нисбат медиҳанд ва ӯро донандаи ғайб ва идоракунандаи коинот ва молики нафъу зарар мепиндоранд. Таън бар Қуръон ворид мекунанд ва мепиндоранд, ки саҳобагон Қуръонро таҳрифу табдил карда, қисме аз онро ҳазф карданд. Бузургони саҳобаро ба мисли хулафои рошидин ва боқӣ башоратшудагон, модарони мӯъминин ва Абуҳурайраву ибни Умар ва ғайраҳоро носазо мегӯянд. Ҳадисҳои саҳеҳе, ки аз ғайри тариқи аҳли байт омадааст қабул надоранд, балки бештар ба ҳадисҳои бофташудае, ки мухолифи шаръ мебошад эътимод мекунанд. Инчунин нифоқро дин мешуморанд, бо забон мегӯянд ончиро, ки дар дилашон нест ва мегӯянд, ки ҳарки тақия надорад дин надорад. Даъвои бародарӣ ва муҳаббати муслимин аз онон ҳаргиз пазируфтанӣ нест, дар ҳоле, ки нифоқро пинҳон медоранд.
Салому дуруд бар Расул (саллалло
ҳу алайҳи ва саллам) ва олу асҳоби ӯ бод!.

 

 

СУРАИ «ВИЛОЯТ»

 

Сураи бофташудаи «Вилоят».

Яке аз бузургтарин ҷинояти рофиза ин аст, ки бардурӯғ ин сураро ба Худованди азим нисбат медиҳанд ва мепиндоранд, ки имрӯз он сура аз Қуръон ҳазф шудааст ва Қуръон ноқис аст. Ин амрест, ки аз аҳли китоб содир шуда буд ва ба сабаби он Худованд ононро лаънат кард ва уммати исломро аз он таҳзир намуд…

 

Тарҷумаи «сураи Вилоят» аз китоби «Фаслул хитоб»:

«Эй мӯъминон, имон оред ба ду нур, ки фуруд овардем онро, мехонанд бар шумо ояти маро ва метарсонанд аз азоби рӯзи бузург. Ду нуранд, ки баъзеи он аз баъзеи дигар аст ва ман шунаво ва биноам.
Ононе, ки ба Худову Расул дар нишонаҳои ӯ вафо мекунанд, барояшон биҳиштҳое пурнеъмат аст. Ва ононе, ки кофир шуданд баъди имонашон, ба сабаби шикастанашон аҳдеро, ки бо Паёмбар карда буданд, ба дӯзах партофта мешаванд. Бар нафсҳои худ ситам карданд ва ба васии Паёмбар нофармон
ӣ карданд. Онҳо аз шароби сӯзони дӯзах нӯшонида мешаванд.

Ҳароина Аллоҳ онест, ки рушан кард осмонҳову заминро ба ончӣ хост. Аз фариштагон қисмеро ихтиёр кард ва ононро аз мӯъминон гардонид. Онон байни махлуқоти ўянд. Мекунад ҳарчӣ хоҳад. Нест маъбуде ба ҷуз ў, бахшояндаву меҳрубон аст.

Ҳароина қавмҳои пешин ба паёмбаронашон макр карданд, пас худованд ононро ба макрашон баргирифт. Ҳароина гирифтани ман сахт ва дарднок аст. Ҳароина худованд ҳалок сохт Оду Самудро ба сабаби ончӣ касб карданд ва гардонид ононро панд барои шумо, пас чаро тақво намекунед. Ва ҳалок сохт Фиръавнро ба сабаби туғёнаш бар Мусо ва бародараш Ҳорун. Ғарқ кардам ӯро ва ҳамаи ононеро, ки пайравии ӯ карданд. То барои онон нишона бошад. Ҳароина аксари шумо фосиқонед. Худованд ононро рӯзи ҳашр ҷамъовари мекунад, пас натавонанд посух бидиҳанд, ҳаргоҳ, ки пурсида шаванд. Дӯзах ҷойгоҳи онон аст ва худованд донову боҳикмат аст.

Эй Паёмбар! Бирасон тарсонидани маро, ба зўдӣ хоҳанд донист. Ба таҳқиқ зиён карданд ононе, ки аз оят ва ҳукми ман рўй тофтанд. Мисоли ононе, ки ба аҳди ту вафо мекунанд подоши онон биҳиштҳое пурнеъмат аст. Ҳароина худованд соҳиби мағфират ва аҷри бузург аст.

Ҳароина Алӣ аз парҳезгорон аст. Мо ҳаққи ӯро дар рӯзи ҷазо хоҳем дод. Мо аз ситами ӯ ғофил нестем. Мо Алиро бар аҳли ту икром кардем. Ў ва зуррияти ў сабркунандагонанд. Душмани онон пешвои муҷримон аст. Бигӯй ба ононе, ки баъди имонашон кофир шуданд, хостед зинати ҳаёти дунёро ва ба сўи он шитобидед ва фармуш кардед ончиро, ки Худованду Паёмбар ба шумо ваъда карда буданд ва аҳду паймонро баъди таъкидам, шикастед. Ба шумо мисолҳое задем, то ҳидоят ёбед.

Эй Паёмбар! Фуруд овардем ба сўи ту ояти ошкорро, ки дар он мазкуранд муъминоне, ки вафо мекунанд ва ононе, ки боз пас мегарданд, баъд аз ту зуҳур мекунанд. Рӯй гардон аз онон зеро онон худ руй гардониданд. Мо ононро ҳозиркунандагонем. Дар рӯзе, ки ононро чизе беҳоҷат насозад ва онон раҳм карда намешавад. Дӯзах мақоми онҳост, ки аз он бар намегарданд. Парвардигоратро ба покӣ ёд кун ва аз саҷдакунандагон бош!

Ҳароина фиристодем Мусо ва Ҳорунро ба ончӣ вогузошт онро, пас ба Ҳорун нофармонӣ карданд. Сабри ҷамилро пеша кунед. Гардонидем аз онон маймунҳову хукҳо ва ононро лаънат кардем то ба рӯзи вопасин. Пас сабр кун, ба зудӣ хоҳанд дид. Ба ту ҳукм ато кардем ба монанди паёмбароне, ки пеш аз ту буданд. Аз байни онон барои ту васие гардонидем то онон баргарданд. Ҳаркӣ аз амри ман рӯй гардонид, пас ман ӯро боз мегардонам, пас ба куфрашон андаке лаззат баранд. Ту аз баргаштагон пурсида намешавӣ. Эй Паёмбар, гардонидем барои ту аҳду паймон дар гардани мӯъминон, пас бигир онро ва аз сипосгузорон бош!

Ҳароина Алӣ қоим дар шаб саҷдакунанда аст, аз охират хавф дорад ва савоби парвардигорашро умед мекунад. Бигӯй, оё баробаранд ононе, ки ситам карданд дар ҳоле, ки азоби маро медонанд. Занҷирҳои тасфонро дар гардани онон хоҳем гузошт ва онон аз амалҳои хеш пушаймон шаванд. Мо туро ба зуррияти Алӣ, ки накӯкоранд башорат додем. Онҳо дар амри мо хилоф накунанд. Аз ман ба онҳо дуруду раҳмат бод, чӣ зиндагону чӣ мурдагон. Дар рӯзе, ки барангехта шаванд, ғазаби ман бар ононе бод, ки бар фарзандони Алӣ ситам мекунанд. Онҳо қавми бад ва зиёнкоранд. Бар ононе, ки равиши фарзандони Алиро пеш гирифтанд аз ман ба онон раҳмати фаровон бод. Онҳо дар биҳиштҳо дар амонанд. Ситоиш ба худованде, ки парвардигори оламиён аст»…

 

Бубин, чӣ гуна рад мекунанд ба Худованде, ки аҳд намудааст ба ҳифз кардани Қуръон аз таҳрифу тағйир.

 

 

САҲИФАИ ФОТИМА

 

Шиъиён даъво мекунанд, ки саҳифаи Фотимаро Ҷабраил (алайҳиссалом) ба Фотима (разияллоҳу анҳо) баъди вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кардааст. Мегӯянд, ки дар ҳоли нузули он Алӣ ибни Абутолиб (разияллоҳу анҳу) дар паси парда пинҳон буд ва ончӣ, ки Ҷабраил ба Фотима мегуфт Алӣ пинҳонӣ менавишт. (Усули Кофӣ , ҷ: 1, саҳ: 185-186).

Ин дурӯғе азим ва туҳмате бузург аст, зеро ваҳй баъди вафоти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) қатъ гардидааст. Бо вуҷуди ин саҳифаи Фотима, ки бар дурӯғ ба Худованд нисбат медиҳанд, дар назди рофиза ба манзилати Қуръони карим аст.

 

Матни он саҳифаи бофташуда чунин аст:

«Ин китоб аз Худованди ғолибу боҳикмат ба Муҳаммад Паёмбари ӯ, нури ӯ, сафири ӯ, ҳиҷоби ӯ ва далели ӯ. Онро руҳул-амин аз назди парвардигори ҷаҳониён нозил кардааст.

Эй Муҳаммад, бузург дор номҳои маро, шукр кун ба неъматҳои ман ва атоҳои маро инкор накун.

Ман худовандам, ки маъбуде ба ҷуз ман нест. Пасткунандаи ҷабркунандагонам ва додраси ситамдидагонам. Ман худовандам, ки маъбуде ба ҷуз ман нест. Ҳаркӣ аз фазли ман умед кунад ва аз ғайри адли ман ҳаросад, ӯро чандон азоб диҳам, ки касеро аз оламиён чунин азоб надода бошам. Танҳо маро ибодат кун ва бар ман таваккал кун. Ман ҳар паёмбареро, ки фиристодам, айёми ӯро такмил намудам ва чун муддати ӯ ба поён расад, ба ӯ васӣ ва халифае қарор додам. Ман туро бар тамоми Паёмбарон фазл додам ва васии туро бар тамоми васиҳо фазл додам. Туро ба ду набераат Ҳасану Ҳусейн икром намудам. Ҳасанро маъдани дониши худам қарор додам, баъди поён ёфтани айёми падараш. Ҳусайнро хазинадори ваҳйи худам гардонидам. Ӯро ба шаҳид шудан икром кардам ва поёни кори ӯро бо саодат хатм намудам. Ӯ фозилтарин шаҳидон ва баладмартабатарини онон аст. Калимоти пурраи худам бо ӯст ва ҳуҷҷати болиғаи худам бо ӯст. Ба сабаби насли ӯ савоб ва иқоб мекунам. Аввалини онон Алӣ пешвои обидон ва зинати авлиёи пешин аст. Фарзанди ӯ Муҳаммади Боқир ҳаммонанди бобои сутудааш аст ва ӯ илми ман ва маъдани ҳикмати ман аст.

Ононе, ки дар амри Ҷаъфар шак мекунанд, ҳалок мешаванд. Ҳарки ӯро рад кунад маро рад карда аст. Қавли ҳақ аз ман ин аст, ки маъвои Ҷаъфарро икром намуда, ӯро бо ёрмандону дӯстонаш шод месозам. Баъд аз ӯ ба Мусо фитнаҳо густурда мешавад. Ресмони фарзи ман қатъ нагардад ва ҳуҷҷати ман ниҳон намонад. Дӯстони ман ба қадаҳҳои накӯ об дода мешаванд. Ҳар ки яке аз ононро инкор кунад, ба таҳқиқ неъмати маро инкор кардааст. Ҳар ки ояте аз китоби маро тағйир диҳад ба таҳқиқ бар ман дурўғ бастааст.

Вой бар ҳоли дурўғбофон (!) ва инкоргарон ба ҳангоми поён ёфтани айёми Мусо, ки бандаи ман, дӯсти ман ва аз беҳтаринҳои насли Алӣ аст. Ўро ифрити мутакаббире ба қатл мерасонад ва дар шаҳре, ки онро бандаи солеҳ бино сохтааст, дар назди бадтарини халқ дафн мегардад.

Сухани ҳақ аз ман ин аст, ки ба Муҳаммад, ки фарзанди ӯ, халифаи ӯ пас аз ӯ ва вориси илму дониши ӯст, амрро вогузорам. Ў маъдани илми ман, мавзеъи асрори ман ва ҳуҷҷати ман бар халқам аст. Ҳар бандае, ки ба ӯ имон орад биҳиштро ҷойгоҳи ӯ мегардонам ва ӯро ба ҳафтод нафар бо аҳли хонадонаш, ки сазовори дӯзах шудаанд, шафоатгар мегардонам.

Пас аз Муҳаммад саодатамро ба фарзанди ӯ Алӣ, ки дӯсту нусратдиҳандаи ман, шоҳиди ман дар халқи ман ва амини ман бар ваҳйи ман аст, хатм мениҳам.

Аз фарзандаш Ҳасанро хориҷ месозам, ки даъватгари мардум ба сўи роҳи ман ва хазинадори илми ман аст. Ин амрро ба фарзанди ӯ комил сохтам, раҳмат намуда бар оламиён. Ӯ дорои камоли Мусо, баҳои Исо ва сабри Айюб буд. Дар замони ӯ дӯстони ман хор мешаванд ва сарҳои онон ба ҳаво меравад, тавре, ки сарҳои сарварони муғулу дайлам ба ҳаво рафта буд. Ба қатл мерасанд, сӯзонида мешаванд ва дар тарсу ҳарос воқеъ мегарданд. Замин бо хуни онон олуда мегардад ва фиғон аз занони онон бармехезад. Онҳо дӯстони ҳақиқии ман мебошанд. Бо онон фитнаҳоро дафъ, зилзиларо рафъ ва занҷирҳоро бартараф мекунам. Бар онҳо дуруду раҳмат аз парвардигорашон бод ва онҳо ҳидоят ёфтагонанд»…

 

Ин буд он саҳифае, ки онро бардуруғ бофта ба худованд нисбат додаанд.

Дар Усули Кофии Кулайнӣ аз Абдураҳмони Салим ва ӯ аз Абу Басир ривоят мекунад, ки гуфт: Агар дар дунё суханеро ҷуз ин нашунавӣ, бароят кофӣ ва басанда хоҳад буд. Пас онро аз ғайри аҳли он масун дор ва муҳофизат кун…

 

 

ДУОИ БУТОНИ ҚУРАЙШ

 

Ин дуоест, ки алайҳи Абубакр (разияллоҳу анҳу) ва Умар (разияллоҳу анҳу) мехонанд:

«Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон. Худоё, дуруду салом бифирист бар Муҳаммад ва бар оли Муҳаммад. Худоё, ҳарду бутони Қурайш, Ҷибту Тоғути Қурайшро лаънат кун.

Духтарони онҳоро, ки ба амри ту мухолифат карданд, ваҳйи туро инкор карданд, неъматҳои туро куфрон карданд, паёмбари туро исён карданд, дини туро дигаргун сохтанд, китоби туро таҳриф карданд, аҳкоми туро зоил сохтанд, фароизи туро ботил намуданд, дар ояти ту илҳод намуданд, дӯстони туро душман доштанд, душманони туро нусрат доданд, дар шаҳрҳои ту ҳарб барпо намуданд ва бандагони туро фосид сохтанд.

Худоё, ҳар дуи онҳоро лаънат кун ва пайравону дӯстон ва дӯстдорони ононро лаънат кун. Онҳоеро, ки хонадони набувватро хароб сохтанд, дари онро шикастанд, сақфи онро афтониданд, осмони онро бар замин ва болои онро ба поён яксон карданд. Аҳли он хонадонро дасгир намуданд, нусратдиҳандагони ононро пароканда карданд, фарзандони ононро ба қатл расониданд, минбари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз васиҳо ва ворисони илмаш холӣ сохтанд ва имомати ононро инкор карданд, ба худо ширк оварданд. Худоё гуноҳи онҳоро барзиёд кун ва онҳоро дар дӯзахи сузон бар абад дохил кун! Дӯзах чӣҷоест? Дӯзах чизеро боқӣ намемонад ва раҳо намесозад.

Худоё ҳар дуи онҳоро лаънат кун ба адади мунрикони ҳақ ва ниҳонсозандагони он, ба адади ҳар минбаре, ки боло карданд, ҳар муъмине, ки хораш сохтанд, ҳар мунофиқе, ки дӯсташ доштанд,…

 

Бо нақл аз «Оятуллоҳ«-Интернет.

Андешаи худро баён созед